СИННИ ИЗДИВОҶИ ДУХТАРОН БОЛО БУРДА МЕШАВАД
Душанбе, 17 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон», «Дар бораи аудити дохилӣ дар бахши давлатӣ» «Дар бораи парки технологӣ», «Дар бораи идоракунии молиявӣ ва назорати дохилӣ дар бахши давлатӣ», «Дар бораи имзои электронии рақамӣ» аз масъалаҳое буданд, ки дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии парлумони мамлакат, ки 17 май таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, баррасӣ шуданд. Дар ҷаласаи Шӯро инчунин, масъалаи ворид намудани тағйирот ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид, ки тибқи он синни издивоҷи духтарон дар Тоҷикистон як сол (аз 17 ба 18) боло бурда мешавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






