СОХМОНИ ҚАСРИ ФАРҲАНГ ОҒОЗ ГАРДИД
Муъминобод, 26 май. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — Дар ноҳияи Муъминобод сохтмони қасри фарҳанг аз тарафи ҶДММ «Симбодсохтмон» — и ш. Душанбе муташаккилона ҷараён дорад. Айни ҳол, қисми тарҳрезии бино ба итмом расида маблағи корҳои иҷрогардида 800 ҳазор сомониро дарбар мегирад. Тӯйчи Каримов ҷонишини директори ҷамъияти мазкур дар бастагӣ ба ин мавзӯъ гуфт, ки бинои қасри фарҳанг мувофиқи нақша аз ду ошёна ва 54 ҳуҷра иборат буда, толори фарҳангии бино барои 408 ҷои нишаст сохта ба истифода дода мешавад. Ба гуфтаи манбаъ дар кори сохтмони бино айни ҳол 25 нафар сохтмончиён фаъолият дошта дар ҳолати ворид гардидани масолеҳи сохтмонӣ ва ҷудо гардидани маблағи зарурӣ ҷамъият метавонад то 50 нафар коргаронро ба кор қабул намояд. Т. Каримов афзуд, ки дар кори сохтмонӣ бештар сифати кори сохтмончиён ба инобат гирифта шуда, ҳақбар карда мешаванд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






