СОКИНОНИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ НИСФИ ПУЛИ РОҲРО МЕПАРДОЗАНД

Май 4, 2010 10:57

Душанбе,  4 май. (АМИТ «Ховар», Кристина  Эрлих). —  Директори техникии  филиали  ширкати «Иновейтив Роуд Салюмиз ЛТД»  дар  Тоҷикистон  Рустам  Абдуллоев,   директори филиали   ширкати  мазкур   дар  Тоҷикистон Фаррух  Каримов,  намояндаи Муассисаи  зиддиинҳисоротии назди  Ҳукумати  ҷумҳурӣ  Акбар  Хоҷаев  ва  сардори  Раёсати  умумии  сохтмони  роҳҳои  Вазорати  нақлиёти  ҷумҳурӣ  Алоуддин  Аноятшоев   зимни  сӯҳбат  бо  мухбирон   хабар  доданд, ки  минбаъд  сокинони  ноҳияи  Варзоб  ҳамагӣ  нисфи  пули  барои  истифодаи  роҳи  мошингарди  Душанбе – Чаноқ муқарраршударо  мепардозанд.  Инчунин  аз  1  майи  соли  2010 сар  карда,  нархи  истифодаи  роҳ  тадриҷан  кам  карда  мешавад. Зикр  шуд, ки  роҳи  мошингарди «Душанбе – Чаноқ» ба нигоҳубини  ҳамарӯза  эҳтиёҷ  дорад.  Барои  ин  техника,  маблағ ва  қувваи  кори  зиёд  зарур  аст.  Вобаста ба  ин  Ҳукумати  Тоҷикистон  ва  ширкати  «Иновейтив Роуд Салюмиз ЛТД» — и  Британияи  Кабир  қарордод  имзо  намуд. Қарордоди  мазкурро  парлумони  мамлакат  маъқул  донист.  Қайд  карда шуд, ки   ҳадафи  ин  тадбирҳо  таъмини  вазъияти  хуби  роҳ  дар тамоми  фаслҳои  сол  ва рафту  омади  мӯътадили  нақлиёт  мебошад. 

Май 4, 2010 10:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад