СУРАТҲИСОБ БАРОИ КӮМАК БА ЗАРАРДИДАГОН

Май 11, 2010 09:51

Душанбе, 11 мая. (НИАТ «Ховар», Покиза Махмадбекова). – «Бар асари боришоти аз ҳад зиёди борону жола, омадани сел ва баланд гардидани сатҳи оби каналу дарёҳо  ҳафтаи охир ба 12 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, бахусус минтақаи Кўлоб зарари калони моддӣ расонида шуд ва мутаассифона, ин офат боиси талафоти зиёди ҷонӣ гардид», — гуфт Сарвари давлат 10 майи соли равон дар маҷлиси таъҷилии ҳукумати кишвар доир ба масъалаи бартарафсозии оқибати офатҳои табиӣ дар гурўҳи шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Хатлону Суғд. Президенти кишвар ҳамчунин иброз дошт, ки беш аз ду ҳазор хонаҳои истиқоматӣ, иншооти зиёди таъиноти иҷтимоӣ, 30 пул, даҳҳо километр роҳҳои мошингард, хатҳои интиқоли барқу телефон хароб гардида, даҳҳо нафар ҳалок, зиёда аз панҷоҳ нафари дигар беному нишон ва қариб дусад нафар маъюб шуданд. Ҳаҷми умумии зарари офатҳои табиие, ки  рўзҳои охир ба вуқўъ омаданд, мувофиқи ҳисобу китоби пешакӣ қариб 900 миллион сомониро ташкил медиҳад. Сарвари давлат ба Вазорати молия супориш дод, ки ҳарчи зудтар имконияти аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ расонидани кўмак ва дастгирии моддӣ ба оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи шаҳри Кўлоб ва дигар ноҳияҳои вилояти Хатлон, инчунин ноҳияҳои ғончиву Панҷакенти вилояти Суғдро мавриди баррасӣ қарор дода, дар мўҳлатҳои кўтоҳтарин хулосаҳои худро ба ҳукумати кишвар пешниҳод намояд. Инчунин ба Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» вазифадор карда шуд, ки масъалаи ҷамъоварӣ ва истифодаи мақсадноки маблағҳои хайрияе, ки ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ ба суратҳисоби махсуси кушодашудаи бонкӣ ворид мегарданд, таҳти назорати ҷиддӣ қарор диҳад. Дар баробари ин ба Вазорати корҳои хориҷӣ супориш дода шуд, ки дар хусуси фалокати гуманитарии бинобар офати табиӣ баамаломада, ба давлатҳои ҷаҳон, кишварҳои мададрасон ва созмонҳои хайрияи байналмилалӣ бо мактуби ҳаматарафа асоснокгардида муроҷиат намояд.  Тибқи супориши Савари давлат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Департаменти хазинадории Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» суратҳисобҳои кӯмак бо арзи миллӣ ва асъори хориҷӣ кушода шуданд.     Фонди кӯмак барои рафъи оқибатҳои офати табии дар шаҳри Кулоб ва ноҳияҳои  вилояти Хатлон бо пули сомонӣ дар Департаменти хазинадории БДА ҶТ «Амонатбонк». С/Ҳ     26202972300177101000 МФО 350101626 С/М   20402972316264 РМА 010002120 Доллар BANK CORRESPONDENT: SWIFT:CITIUS33 CITIBANK N.A. NEW YORK,NY  US BANK BENEFICIARY: ACCOUNT with CITIBANK:36883765 SWIFT:ASSETJ22 STATE SAVINGS BANK OF TAJIKISTAN AMONATBONK. Евро:  BANK CORRESPONDENT: SWIFT:COBADEFFXXX COMMERZBANK AG 60261 FRANKFURT AM MAIN FRANKFURT AM MAIN DEGERMAN. Руси:  КОРСЧЕТ:30101810400000000225 Бик:044525225 SWIFT:SABRRUMM012 SBERBANK ROSSII MOSCOW  RU    

Май 11, 2010 09:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Истаравшан ҳунари шонасозӣ ривоҷи тоза меёбад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст