ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ АНДОЗИ ҶУМҲУРӢ

Май 31, 2010 15:31

Душанбе, 31 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Лоиҳаҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», «Дар бораи идоракунии молиявӣ ва назорати дохилӣ дар бахши давлатӣ», «Дар бораи паррандапарварӣ», «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи амнияти озуқаворӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи табиат» аз масъалаҳое буданд, ки 31 май дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии парлумони мамлакат, ки дар ҳузури Раиси Маҷлиси намояндагон Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров баргузор шуд, баррасӣ гардиданд. Дар ҷаласа инчунин,  Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба экстрадитсия, Дар хусуси Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ошкор намудан ва бастани роҳҳои воридшавии шахсони ба фаъолияти террористӣ алоқаманд ба қаламрави давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар масъалаҳо баррасӣ шуданд. Зикр шуд, ки мақсад аз ворид ва пешниҳод намудани лоиҳаи  Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои муҳими моҳияти байналмилалӣ дошта фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати  густариши бахши иқтисодию иҷтимоии кишвар ва тақвияти равобит бо кишварҳо ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ мебошад.

Май 31, 2010 15:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд