ТАҶЛИЛИ 110 – СОЛАГИИ АВВАЛИН РАИСИ ШӮРОИ КОМИССАРОНИ ХАЛҚИИ ТОҶИКИСТОН

Май 6, 2010 08:49

Хуҷанд,  6 май. (АМИТ «Ховар», Санавбар  Мақсудова). —   4  май  дар Театри  ба  номи  Камоли  Хуҷандии  маркази  вилояти  Суғд  ба  муносибати  110 – солагии  арбоби  барҷастаи   давлатии Тоҷикистон,  аввалин  раиси  Шӯрои  комиссарони халқии  мамлакат Абдураҳим  Ҳоҷибоев  маҷлиси ботантана  баргузор  гардид. Дар он   намояндагони  маъмурияти   шаҳру  вилоят,  хешу таборон  ва  наздикони  А.Ҳоҷибоев,  олимон,  адибон,  омӯзгорон  ва донишҷӯёни  мактабҳои олии  маркази  вилоят  ширкат  варзиданд. Муовини  аввали раиси   вилояти  Суғд,  олими  таърихшинос  Ваҳҳоб  Набиев,  профессор  Усмонҷон  Ғаффоров  ва набераи  А.Ҳоҷибоев,  профессор  Матлуба  Мирзоюнусова  дар  бораи   ҷиҳатҳои  ҳамидаи   зиндагӣ  ва  фаъолияти   сиёсии  А.Ҳоҷибоев   сухан  ронданд. Абдураҳим  Ҳоҷибоев  моҳи  апрели  соли  1900  дар  шаҳри  Хуҷанд  таваллуд  шуда,  мактаби  русии  маҳаллиро  хатм  кардааст. Ӯ баъди Инқилоби  Октябр  дар  Донишгоҳи давлатии  Туркистон  таҳсил  намуда,  соҳиби  ихтисоси   корманди  соҳаи  кишоварзӣ  гардид.  Ӯ  забонҳои  тоҷикию  русӣ  ва  ӯзбекиро  хуб  медонист,  бинобар  ин  сиёсати  ҳукумат  ва  аҳамияти  ислоҳоти  замин  ва обро  зимни  сафар ба  шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Мухтори  Шӯравии  Сотсиалистии  Туркистон  ба хубӣ  шарҳу тавзеҳ  медод. А.Ҳоҷибоев  аз  соли  1925 то  соли  1928  Комиссари  халқии  кишоварзии  ҶШС Ӯзбекистон  буд. Соли  1924  бо  қарори  Бюрои  КМ  Ҳизби  коргару  деҳқони Осиёи  Миёна  А.Ҳоҷибоев ҳамроҳи   коммунистон Ч. Имомов ва М. Саидҷонов  ба  ҳайати  комиссияи  тақсимоти миллӣ  дохил  карда  шуд. Ӯ то  соли  1933  раиси Шӯрои  комиссарони  халқии  ҶШС  Тоҷикистон  буд.  Саҳми  А.Ҳоҷибоев  дар  сохтмони   корхонаҳои  саноатӣ  ва   шабакаҳои ирригатсионӣ  дар Тоҷикистон  хеле  калон  аст.  Таҳти  роҳбарии  ӯ  роҳҳои  оҳани Тирмиз – Душанбе,  Душанбе — Қӯрғонтеппа, Меншиково – Хуҷанд,  роҳҳои  мошингарди  Душанбе  — Кӯлоб,  Сталинобод —  Қӯрғонтеппа,  Ӯш —  Хоруғ,  роҳҳои  ҳавоии Душанбе – Хоруғ,  Душанбе  — Кӯлоб  сохта ба  истифода  дода шуданд. А.Ҳоҷибоев  ва  дӯсти  наздики  ӯ  Нусратулло  Махсумро  соли  1933  аз  кор  сабукдӯш  намуда,  барои таҳсил  ба  Маскав  фиристоданд. А.Ҳоҷибоев   соли  1937  ба  ҳабс  гирифта,  баъди  азобу  шиканҷаи  зиёд  моҳи  январи соли  1938  ба  қатл  расонида шуд.  Дертар  ҳамсари  ӯро  низ  ба  ҳабс  гирифта,  фарзандони  хурдсолашро  ба  хонаҳои  бачагони Мордовия  фиристоданд. Ҳайати  мушовараи  Суди  олии ИҶШС   ҳукми  Суди  олии  ИҶШС – ро  аз  моҳи  январи  соли  1938   нисбати  А.Ҳоҷибоев  бекор  карда,  ӯро  соли  1957  ҳақ  баровард.   

Май 6, 2010 08:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад