ТАШРИФИ ҲАЙАТҲОИ ДАВЛАТҲОИ ИСЛОМӢ БА ДУШАНБЕ

Май 17, 2010 11:48

Душанбе, 17 май. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Имрўз, 17 майи соли 2010 аз субҳи барвақт омадани ҳайатҳо барои иштирок дар кори ҷаласаи 37-уми Шўрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони Конфронси Исломӣ, ки рўзҳои 18-20 май дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, шурўъ шуд. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корои хориии кишвар хабар доданд, то соати 08:00 вақти маҳаллӣ тавассути Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳайатҳои давлатҳо — Албания, Камерун, Алҷазоир, Покистон, Миср, Малайзия, Уганда, Кот-д Ивуар, Қувайт, Амороти Муттаҳидаи Араб, Нигер, Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ, инчунин ҳайатҳои Бонки исломии рушд ва Лигаи давлатҳои араб ба Душанбе омаданд. Аъзое баъзе ҳайатҳо рўзҳои 15-16 май ба Душанбе омада буданд. «Дар назар дошта шудааст, ки имрўз мулоқотҳои дуҷонибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони як қатор ҳайатҳо сурат мегиранд», гуфт  манбаъ. «Омадани ҳайатҳо барои иштирок дар кори ҷаласаи 37-уми Шўрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони Конфронси Исломӣ идомадорад», айд кард манбаъ.  

Май 17, 2010 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад