ТАЪСИРИ БОЗДОШТИ ВАГОНҲО БА БОЛОРАВИИ НАРҲИ МАҲСУЛОТ
Қўрғонтеппа, 13- уми май. (АМИТ «Ховар», Беков Юсуфбек)- Субҳи рўзи 11- уми май дар истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Қўрғонтеппа қисми дигари вагонҳои молу маҳсулоти соҳибкорони вилояти Хатлон омада расид. Ҳамакнун бо ин шумораи вагонҳои аз Ҷумҳурии Ўзбакистон беруншуда ба 176 адад расид. Сардори роҳи оҳани шаҳри Кўрғонтеппа Саидҷони Ёодгорӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки бо илати боздошти ин вагонҳо дар қаламрави ҷумҳурии ҳамсояи Ўзбакистон даҳҳо миллион сомонӣ шаҳрвандону соҳибкорон зарар диданд, ки дар натиҷа қимати молу маҳсулот, аз қабили орд, равған ва дигар моли ниёзи мардум дар бозорҳо ба боло рафтаанд. Ёдрас мешавем, ки дар қаламрави ҷумҳурии Ўзбакистон аз 15- уми марти соли ҷорӣ то 8- уми май беш аз 1000 вагони молу маҳсулоти соҳибкорони вилояти Хатлон банд буданд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






