ТОҶИКИСТОН ИШТИРОКЧИИ БАРНОМАИ «ГАНҶИНАИ ЗАРРИНИ ЕВРАЗИЯ»
Душанбе, 13 май. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). — Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ дар барномаи «Ганҷинаи заррини Евразия» иштирок менамояд. Ҳамоҳангсози барномаи мазкур Китобхонаи давлатии Русия мебошад. Барномаи мазкур мувофиқи паймони сарони давлатҳои аъзои Ҷомеаи иқтисодии Евразия амалӣ карда мешавад. Ҳадафи асосии он ташкили ганҷинаи адабиёти нисбатан қиматбаҳо мебошад, ки хусусиятҳои зиндагии халқҳои мамлакатҳои ИДМ ва Ҷомеаи иқтисодии Евразияро инъикос карда тавонад. Дар барномаи мазкур аз мамлакатҳои ИДМ 22 китобхона ширкат меварзанд. Айни ҳол дар Китобхонаи миллии ба номи А.Фирдавсӣ барои амалӣ сохтани барномаи «Ганҷинаи заррини Евразия» 20 асари камёфт ва дорои аҳамияти илмию таърихӣ интихоб карда шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






