ТОҶИКИСТОН КАЛОНТАРИН ДАВЛАТИ ИСТЕҲСОЛКУНАНДАИ БАРҚ

Май 19, 2010 09:04

Душанбе, 19 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти раиси ШСХ «Барқи тоҷик» Абдулло Ёров, дар оғози соли 2010 то моҳи апрели соли ҷорӣ 8 адад нерӯгоҳи хурди барқи обӣ  бо иқтидори 159 кВт сохта ба истифода дода шудааст. Алҳол сохтмони 19 адад нерӯгоҳ идома дорад. Боиси тазаккур аст, ки дарёву ҷӯйҳои Тоҷикистон ва шароити маҳал дар бисёр мавзеҳои ҷумҳурӣ имконияти бунёди садҳо нерӯгоҳҳои хурду миёнаро  имконпазир гардонидааст. То аввали соли 2010 дар саросари ҷумҳурӣ 219 адад нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ мавриди истифода қарор дода шуданд. Дар ҷумҳурӣ 947 дарё мавҷуд аст, ки дарозии онҳо 90 ҳазор километрро ташкил медиҳад. Сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ  дар ин дарёҳо имкон медиҳад, ки Тоҷикистон яке аз калонтарин давлатҳои тавлидкунандаи барқ дар ҷаҳон гардад.                       

Май 19, 2010 09:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд