ТОҶИКИСТОНУ ЭРОН ҲАМКОРИҲОИ ДУҶОНИБАРО МАВРИДИ БАРРАСӢ КАРОР ДОДАНД
Душанбе. 20 май. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар доираи ҷаласаи 37-уми Шўрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони Конфронси Исломӣ мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҷаласаи 37-уми Шўрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони Конфронси Исломӣ Ҳамрохон Зарифӣ бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Манучеҳр Муттакӣ баргузор гардид. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷӣ хабар доданд, вазири корҳои хориҷии Эрон баргузор шудани ҷаласаи 37-уми Шўрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони Конфронси Исломиро дар Душанбе дастоварди Тоҷикистон номида, инҷонибро ба ин муносибат табрик гуфт. Ў ҳамчунин зикр намуд, ки дар давраи раёсати Тоҷикистон дар ин созмони бонуфузи байналмилалӣ Эрон дастгирию ёрии худро ба хотири муваффақона анҷом додани ин рисолати пурмасъулият дареғ нахоҳад дошт. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аз дастгирии ҷониби Эрон дар бобати баргузор намудани ин чорабинии муҳими байналмилалӣ дар Душанбе изҳори миннатдорӣ намуда, изҳори боварӣ намуд, ки минбаъд низ ҳамкоиҳо дар доираи ин созмон қавитар хоҳанд шуд. Сипас Ҳамрохон Зарифӣ ва Манучеҳр Муттакӣ доираи васеи ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои иқтисодӣ, энергетика, фарҳанг, рушди шабакаҳои коммуникатсионӣ ва ғайра мавриди баррасӣ карор доданд.