«ТОҶИКСТАНДАРТ»: — «АҲОЛӢ АЗ ҚУҚҲОИ ИСТЕЪМОЛИИ ХУД БАРХУРДОР НЕСТ»
Душанбе, 12 май. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни ҳамаи қишрҳои аҳолӣ мавриди ҳамовозӣ ва ҷонибдорӣ қарор гирифта, дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ба хубӣ дарк намудаанд, ки ҳадафи асосии сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Сарвари давлат ва Ҳукумати мамлакат, қабл аз ҳама, фароҳам сохтани имконоти мусоид барои зиндагии арзанда ва дар ин замина боло бурдани сатҳи иқтисоди миллӣ ва нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аст. Директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Ҳотамов дар сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» дастуру нишондодҳои Паёми Президент ба Маҷлиси Олиро дар самти рушди соҳибкорӣ ва таъмин намудани бозори дохилӣ бо молу маҳсулоти хушсифат шарҳ дода, зикр намуд, ки дар Паёми имсола низ ба рушди бемайлони соҳибкории хурду миёна аҳамияти хоса зоҳир шуд. Ба ин нуқта мароқ зоҳир намудан бесабаб нест, зеро тайи фаъолияти ҳамарӯзаи хеш мо бо ин гурӯҳи ҷомеа, яъне тоҷирону соҳибкорон дучор меоем. Д. Ҳотамов гуфт, ки баъди омӯзиш ва баррасии ин ҳуҷҷати муҳим роҳбарияти «Тоҷикстандарт» тасмим гирифт, ки баҳри амалӣ гардидани нишондодҳои Паём нисбати рушди соҳибкории хурду миёна ва озодиҳои иқтисодӣ, муносибат бо соҳибкорон, тарзи корбарии кормандони соҳаро ба куллӣ тағйир диҳад. Мусаллам аст, ки ба зиммаи Агентии «Тоҷикстандарт» амалигардонии як силсила қонунҳое, ки пеш аз ҳама, ба ҳифзи бозори истеъмолии кишвар равона шудаанд, вогузор аст. Бояд зикр намоям, ки дар ин замина татбиқи амалии ин қонунҳо дар навбати худ ба шаҳрвандон, яъне истеъмолкунандагон низ вобастагии амиқ дорад, зеро мушоҳида мешавад, ки аҳолӣ бобати ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолии худ ҳанӯз пурра бархурдор нест. Бинобар ин, мо тасмим гирифтем, ки дар ҳамдастӣ бо ВАО раванди корҳои фаҳмондадиҳиро ҳарчӣ бештар вусъат диҳем. Мавриди зикр аст, ки Паёми соли гузаштаи Президент ба мақоми олии қонунгузор дар Агентии давлатии «Тоҷикстандарт» мавриди омӯзиши амиқу ҳамаҷониба қарор гирифта, дар ин самт як қатор корҳои мушаххас амалӣ карда шуд. Аз ҷумла, ҷиҳати амалии ҳадафи сарфаи энергия чор стандарти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи энергетика таҳия ва дар амал ҷорӣ гардид, ки дар натиҷа муайян кардани сифати лампаҳои каммасраф дар дастгоҳи марказӣ, марказҳои вилоятию минтақавии «Тоҷикстандарт» фароҳам омад. «Бо назардошти дастгирии рушди соҳибкорӣ ва бартараф намудани монеаҳои техникӣ дар тиҷорат тибқи Принсипи «Равзанаи ягона» барои соҳибкорон шароитҳои мувофиқ муҳайё карда шуда, ҳуҷҷатҳои марбут ба сертификатсиякунӣ дар муддати кӯтоҳтарин аз қайд гузаронида мешаванд. Талаботи ҳуҷҷатгузориҳо барои гирифтани сертификати мутобиқат ба дараҷаи минималӣ кам карда шуд, ки айни ҳол дар ин раванд, барои соҳибкор пешниҳод кардани дархост, борхат ва нархномаи мол кофист», тазаккур дод директори «Тоҷикстандарт». Вобаста ба талаботи рӯз дар соҳаи сертификатсияи маҳсулот барои соҳибкорон фазои озоди иқтисодӣ муҳайё ва барои муайянсозии сифати маҳсулот дар раванди кори Агентӣ объективият таъмин шуда истодааст. Масалан, бо назардошти дар фасли тирамоҳ зиёд шудани интиқоли маҳсулоти ватанӣ, аз ҷумла ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолият ба соҳибкорону тоҷирон дар Агентӣ дар рӯзҳои истироҳат, ба таври шабонарӯзӣ навбатдорӣ ташкил шуда, телефони боварии мутахассисони вобасташуда, ташкил карда шудааст. Оид ба беҳдошти истеҳсоли маҳсулот ва беҳтар намудани сифати он бошад, бо иштироки роҳбарон ва мутахассисони корхонаҳои истеҳсолии ватанӣ ва дигарҳо як қатор семинар-машваратҳо гузаронида шуда, ба зиёда аз 300 нафар истеҳсолкунандагон аз принсипҳои истеҳсолӣ огоҳ карда шуданд. Соли равон дар назар аст, ки семинари байналмилалии ассамблеяи генералии Ассотсиатсияи минтақавӣ оид ба стандартизатсия (МАС) дар мавзӯи «Масъалаҳои стандартизатсия ва баҳои мутобиқат» гузаронида шуда, озмоишгоҳҳои системаи «Тоҷикстандарт» мувофиқи талаботи стандартҳои байналмилалӣ аккредитатсияи карда шаванд. Инчунин, таҳия ва қабули стандартҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сарфаҷўии энергия дар асоси стандартҳои байналмилалӣ ва байнидавлатӣ, ки дар Паёми Президенти кишвар нуқтаҳои муҳими он иброз гардидааст.