ВАФОТИ РАИСИ СОБИҚИ ФЕДЕРАТСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ШОҲМОТ

Май 4, 2010 10:21

Душанбе,  4 май. (АМИТ «Ховар»). —  3 май  раиси  собиқи Федератсияи  байналмилалии  шоҳмот  Флоренсио Компоманес  дар  синни  84 — солагӣ  вафот  кард. Ӯ  22 феврали соли 1927  дар  Манила  таваллуд шудааст. Баъди  мактаби  миёна Донишгоҳи  сиёсатшиносиро  хатм  карда, солҳои  1956  ва  1960  ду  маротиба   қаҳрамони  шоҳмоти  Филиппин  гардид.  Соли  1982   роҳбари  Федератсияи  байналмилалии  шоҳмот  интихоб шуд. Дар  ин  вазифа  то  соли  1995  фаъолият  дошт.  Сипас  ӯро  дар  вазифаи  мазкур  Кирсан  Илюмҷинов   иваз  намуд. Компоманес  аз тамоми  имкониятҳо истифода  мебурд, ки   сафи  шоҳмотбозон  дар  тамоми  ҷаҳон  афзояд.  Вале  бо гуноҳи  ӯ Федератсияи  байналмилалии шоҳмот  обрӯи  худро  аз даст  дод.  Солҳои  охир  Ф.Компоманес  баъди   фалокати  нақлиёт   сахт  маҷрӯҳ  гардида,  ба  бемории  саратон  гирифтор  шуд. Ӯ  дар  панҷ  олимпиадаи  шоҳмотбозон  — дар  Маскав,  Мюнхен, Лейпсиг, Варна  ва  Гавана  ширкат  варзидааст.

Май 4, 2010 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд