ВАЗИРИ ФАРҲАНГИ ҶТ БО ҲАЙАТИ НАМОЯНДАГИИ КАШМИР ВОХӮРД
Душанбе, 17 май.(АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Имрўз,17 май Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ бо ҳайати намояндагии вилояти Ҷамму Кашмир, ки бо роҳбарии Раҷ Муҳаммад Фаррух Ҳайдар Хон ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, вохӯрд. Зимни вохўрӣ аз тарафи меҳмонон пешниҳод гардид, ки барои аз наздик шинос шудани тоҷикистониён бо фарҳангу тамаддуни мардуми Кашмир, дар Тоҷикистон як намоишгоҳ ва дар бораи пешвои мардуми Кашмир мутафаккири асрҳои XII-XIII Мир Саид Алии Ҳамадонӣ як конфронси байналмилалӣ доир намоянд. Мирзошоҳрух Асрорӣ ин пешниҳодро хуш пазируфта, иброз дошт, ки Вазорати фарҳанги ҶТ барои табодули фарҳангӣ саҳми худро хоҳад гузошт. Ҳамчунин дар доираи вохӯрӣ вазири фарҳанг бо меҳмонон дар бораи таъриху тамаддуни халқи тоҷик сӯҳбат доир намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги ҶТ хабар доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






