ВАЗОРАТИ КИШОВАРЗӢ БА БОЗОРИ ҚАЗОҚИСТОН РОҲ ЁФТАНИСТ
Душанбе, 14 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Субҳи имрӯз вазири кишоварзии мамлакат Қосим Қосимов бо директори ширкати бонуфузи «Казаплод»-и Ҷумҳурии Қазоқистон Останов Халил мулоқот кард. Зимни сӯҳбат ҳар ду тараф қайд намуданд, ки заминаҳои хуби муносибатҳои қаблии иқтисодӣ, имконияти фарохи густариши таъмини бозори Қазоқистонро бо маҳсулоти тару тозаи мевагӣ ва сабзавоти Тоҷикистон фароҳам меоварад. Намояндаи Қазоқистон Х. Останов иброз намуд, ки имрӯз бозори дохилии кишвараш ба маҳсулоти истеҳсоли Хитой, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва мамдакатҳои дигар хеле фаровон аст. Вале маҳсулоти истеҳсоли деҳқонони Тоҷикистон бо сифати баланду аз ҷиҳати экологӣ тоза матавонад, харидори зиёди худро дар Қазоқистон пайдо намояд. Омӯзиши бозори ин кишвар, қайд намуд ӯ дар идомаи сӯҳбат, имконият медиҳад худи ҳамин сол ба миқдори 2000 тн. меваю сабзавот харидорӣ намояд. Дар оянда бошад, зарурати ташкили Корхонаи муштарки Тоҷикистон-Қазоқистон ба миён меояд, ки содироти мунтазами маҳсулоти кишоварзиро ба роҳ монад. Дар навбати худ вазири кишоварзӣ Қ.Қосимов ёдовар шуд, ки бо супориши Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар панҷ соли наздик майдони боғу токзорҳо то 50 ҳазор гектар зиёд карда мешаванд. Ин иқдом аз тарафи хоҷагиҳои деҳқонӣ — фермерӣ дастгирӣ ёфта, оянда қудрати (потенсиали) содиротии Тоҷикистонро боз ҳам зиёд хоҳад намуд. Дарёфти бозорҳои нав ба нави фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ тибқи супоришҳои Президент дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз вазифаҳои аввалидараҷаи Вазорати кишоварзӣ мебошад. Дар охири сӯҳбат тарафайн ба мувофиқа омаданд, ки аз ҳисоби кормандони вазорат ва намояндагони Қазоқистон гурӯҳи босалоҳияти корӣ таъсис дода, заминаҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодии ин иқдомро рӯзҳои назик таҳия созанд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






