ВОХӯРИИ ВАЗИРИ ФАРҲАНГ БО ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ
Душанбе, 5 май. (НИАТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Ба муносибати 65- солагии Рўзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ имрўз вазири фарҳанги ҶТ Мирзошоҳрух Асрорӣ бо иштирокчиёни ҷангу ақибгоҳ ва ҷанговарони интернатсионалист, ки дар соҳаи фарҳанг кору фаъолият кардаанд, вохӯрӣ намуд. Ҳангоми суханронии худ Мирзошоҳрух Асрорӣ ба собиқадорони ҷангу меҳнат муроҷиат карда, чунин иброз дошт: «Шод аз онем, ки бароямон муяссар гаштааст, то имрўз шуморо бо Рўзи Ғалабаи Бузург табрик гўем. Зеро иштироки Шумо дар ин ҷанг дар саҳифаи зиндагии мо нақши муҳим дорад». Вазири фарҳанг хизматҳои онҳоро бори дигар ёдрас шуда, махсусан қайд кард, ки дар инкишофи фарҳанги тоҷик, таълиму тарбияи кадрҳо корҳои назаррасеро анҷом додаанд. Ҳамчунин, аз ҷониби Вазорати фарҳанг ба 18 нафар иштирокчиёну кормандон, ақибгоҳи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҷанговарони интернатсионалист, — ба миқдори 300 сомонӣ кўмакпулии яквақтаина супорида шуд. Дар навбати худ иштирокчиёни ҶБВ аз он изҳори миннатдорӣ карданд, ки Вазорати фарҳанг новобаста аз рўзҳои ҷашн ҳамеша нисбати онҳо ғамхорӣ зоҳир мекунад. Дар охир толибилмони Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов барномаи хурди консертиро, ки сурудҳои айёми ҷангро дар бар мегирифт, баҳри иштирокчиёни ҶБВ доир карданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанг хабар доданд.








Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад






