ЁДЕ АЗ АДИБИ НОМДОР
Турсунзода, 27 май. (АМИТ «Ховар». Ҳотам Рабиев)- Деҳаи Қаратоғ бо фарзандони бузургу фарзонааш мефахрад. Ин деҳа зодгоҳи адибони номдору забардаст буда, шоирону олимонаш на танҳо фахри ин диёр, балки фахри Тоҷикистонанд. Устод Мирзо Турсунзода Носирҷон Маъсумӣ, Ҳомид Обидӣ, Мустафо Шарқӣ дар ташаккули адабиёти навини тоҷик саҳми арзанда доранд. Ба наздикӣ дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12-ки номи адабиётшинос, шоир ва забоншиноси маҳбуб Носирҷон Маъсумиро дорад бо ташаббуси муаллимаи забон ва адабиёт Сурайё Мардонова конфронси илмӣ – адабӣ баргузор гардид. Дар ҷамъомад хонандагон дар бораи ҳаёт ва фаъолияти адабии Носирҷон Маъсумӣ маълумот дода аз эҷодиёти ў шеърҳо қироат карданд. Боиси қайд аст, ки имрўзҳо ба зодрўзи шоир, мунаққид, адабиётшинсос ва забоншиноси машҳур Носирҷон Маъсумӣ 95 сол пур мегардад.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






