ЁРИИ ВАҲДАТИЁН БА КУЛОБ
Ваҳдат, 11 май.(АМИТ»Ховар»,Зебо Давлатова). — Боронҳои пай дар пайи рӯзҳои 7-8 уми май ба як қатор ноҳияҳои минтақаи Кулоб хисороти ҷиддӣ ворид кард. Ин ҳодисаи табиат ҳар як фарди ватандӯстро бетараф гузошта наметавонад.Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба ин минтақаи аз офати табии зарардида сафар намуда,аҳволи имрӯзаи сокинони ин минтақаро бо чашми худ дид ва дастуру супоришҳои мушаххасро ба масъулини шаҳру вилоятҳо пешниҳод намуд. Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат бо роҳбарии раиси шаҳр Анвари Вайсиддин як қатор чораҳо андешида шуд. Ба хабарнигори АМИТ»Ховар» муовини раиси дастгоҳи шаҳр Ислом Ниёзов гуфт,ки то имрӯз аз ҷониби ҳукумати шаҳри Ваҳдат ба миқдори 1 т 200 кг картошка, 1 т 500 кг пиёз,400 кг сабзӣ, 150 кг биринҷ,200 кг равған, 425 кг макарон,500 кг шакар, 4 т орд,300 адад либоси таҳпӯш,18 адад костюми мардона ва 4 автомашина бо сӯзишворӣ таъмин карда шуда ба самти минтақаи Кулоб равона карда шуд.Маводҳои лозимаро сардори шуъбаи ислоҳоти иқтисодии шаҳри Кулоб, Қ.Ҷалилов қабул намуд. Ислом Ниёзов афзуд,ки занони шаҳри Ваҳдат бо роҳбарии муовини раиси шаҳр Руқия Раҳматзода дар рӯзҳои наздик ба зарардидагони минтақаи Кулоб кӯмакҳои аввалиндараҷа дар якҷоягӣ бо фаъолзанони шаҳри Ваҳдат бурда мерасонанд. Инчунин тибқи дастури пешниҳоднамудаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон т о моҳи ноябри соли равон аз ҷониби масъулини шаҳри Ваҳдат 10 адад хонаи истиқоматӣ сохта ба истифодаи зарардидагон дода мешавад.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






