ЗАНГИ КАМОЛОТ ДАР КАДОМ ШАКЛ ГУЗАРОНИДА МЕШАВАД?
Душанбе, 24 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Соли равон дар 131 мактаби таҳсилоти ҳамагонии шаҳри Душанбе маросими Занги камолот соати 8-и субҳи 1 июн оғоз ёфта, муддати як соат идома меёбад», гуфт зимни сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Сардори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе Шамсулло Исломов. Мавсуф афзуд, ки дар давоми 60 дақиқа дастовардҳои толибилмон дар давоми соли хониш натиҷагирӣ мегардад. Ба толибилмон, ки дар давоми сол дар олимпиадаҳо ва дигар чорабиниҳои гуногуни мактабӣ фаъолона иштирок намуда, маҳорати баланд нишон додаанд, тӯҳфаю ифтихорномаҳо аз ҷониби маъмурияти мактабҳо супорида мешавад. Шамсулло Исломов афзуд, ки баъди анҷоми маросими Занги камолот дар тамоми мактабҳои пойтахт соатҳои дарсӣ идома меёбанд. Тибқи Фармони вазири маорифи ҷумҳурӣ ҳамагуна шабнишинӣ, берун аз шаҳр ҳаракат кардани мактаббачаҳо ва тақдими тӯҳфаҳо аз ҷониби волидайн ва наздикони толибилмон манъ аст. Масъалаҳои мазкур чанде пеш дар вохӯрии кормандони раёсати корҳои дохилии пойтахт бо мудирони мактабҳои шаҳр ва комиссияи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак баррасӣ гардида буданд, мегӯяд Ш. Исломов. Дар ин самт кормандони раёсати корҳои дохилии шаҳр барои дар сатҳи баланд гузаронидани чорабиниҳо Занги камолот дар мактабҳои пойтахт бо Раёсати маорифи шаҳр ҳамкории густурда ба роҳ мондааст. Назар ба иттилои сардори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе Ш. Исломов дар соли хониши 2010-ум беш аз 7 000 толибилмон синфи 11 –ро хатм менамоянд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






