ЗАНИ ЗАҲРДОРИ 64 СОЛА
Душанбе, 25 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови ин вилоят ҳангоми муоинаи шахсӣ аз сокини шаҳри Хуҷанд, ки номаш барои халалдор накардани тафтишот оварда намешавад, ба истилоҳ 44 ампулаи заҳри мор дарёфт ва мусодира намуданд. Ба иттилои ҳамин манбаъ, 34 ампулаи дарёфт кардашуда заҳри мори афъӣ ва 10 ампулаи он заҳри мори айнакдор (кӯбро) будааст, ки вазни умумии он 92 граммро ташкил додааст. Нархи ин миқдор заҳр, ки он дар саноати доруворӣ истифода карда мешавад 14 ҳазору 240 доллари амрикоӣ қимат дорад ва дар бозори сиёҳ нархи он боз гаронтар аст. Ҳоло нисбати дастгиршуда бо моддаи 206 КҶҶТ парвандаи ҷиноятӣ кушода шуда тафтиш бурда мешавад. Дар сурати собит шудани далелҳои шаръӣ оид ба хариду фурӯши маводи ба даст овардашуда, дастгиршударо 5 соли маҳбас интизор аст.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






