ЗАРАРИ БОРИШҲОИ ШАДИД
Душанбе, 24 май. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — 23 май дар минтақаҳои гуногуни мамлакат борони шадид ва ҷола борида, сел омад ва ба хоҷагии халқи мамлакат зарари калон расонд. Аз ҷумла, 23 май дар деҳаҳои Тоҷикобод, Садоқат, Гулобод ва Алибойи ҷамоати Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ сел омада, 5 хонаи истиқоматиро зер кард. Ҳамон рӯз дар деҳаҳои Обуобод ва Исроилободи ноҳияи Ваҳдат дар натиҷаи борони шадид сатҳи оби канал баланд шуда, зиёда аз як километр роҳро шуста бурд ва ба киштзори чор хоҷагӣ зарари калон расонид. Дар деҳаи Чорсӯ ҷола масоҳати калони киштзорро нобуд сохт. Дар деҳаи Қиблаии шаҳри Норак низ бар асари борон сел омада, масоҳати калони киштзорро пахш намуд. 23 май дар деҳаи Кумчии ноҳияи Ёвон талабаи 11 солаи мактаби миёнаро сел бурд ва сокини 25 солаи шаҳри Душанбе Сӯҳроб Бадалиев дар шаҳри Сарбанд дар дарёи Вахш оббозӣ карда ғарқ шуд, ҷасади ӯ то ҳол ёфт нашудааст.