ЗАРАРИ ОФАТИ ТАБИӢ ДАР МУЪМИНОБОД

Май 18, 2010 16:43

Кӯлоб, 18 май. (АМИТ «Ховар», Сулаймон  Холов.) — Шаби  6-7-уми  май    дар   натиҷаи  боронгарии   зиёд  дар ноҳияи  Муъминобод    обхезӣ ба  амал  омад, ки дар  натиҷа  аксари  хонаҳои  истиқоматӣ,  купруку  роҳҳо,  заминҳои  кишоварзӣ  ва  иншоотҳои  ёрирасони  шаҳрвандон  зарари  ҷиддӣ  диданд.  Ҷамахон   Шарифов   сардори  ситоди  ҳолатҳои   фавқулодда  ва  мудофиаи  граждании  ноҳияи мазкур   дар  бастагӣ  ба  ин мавзӯъ  гуфт, ки   дар  ин офати  табиӣ зиёда аз 309 хонаи  истиқоматӣ, 125  гектар  заминҳои  кишоварзӣ,  6 гектар  боғ  , 101  чорвои  калон  ва моли  майда   зери  об  монданд,  ки   маблағи  зарари  онҳо  дар  маҷмӯъ  9 млн. 997 ҳазору 425  сомониро  ташкил  медиҳад. Ба  гуфтаи  ин  манбаъ  барои    барқарор    кардани   ҷойҳои  зарардида   кормандони   ҳукумати  ноҳия,  ва   тамоми    ташкилоту  муаасисаҳо   сафарбар  гардидаанд.Мавриди  зикр  аст, ки  барои  мардуми  офатзадаи  ноҳия  аз  тарафи     захираҳои   модии  давлатии  Ҷумҳури Тоҷикистон   маводи  хӯрока  аз  қабили  20 т орд, 10 т  шакар, 5 т равған,  10 т  биринҷ  ва  10 т  сӯзишворӣ   ёрии   амалӣ  расонида  шудааст. Гуфта  мешавад,  дар  ин  самт   ташкилоти  ғайридавлатии «КАРИТАС» — и  Шветсария низ  саҳми худро  гузошта 1 т сузишворӣ  барои  барқарор  кардани  роҳҳои   зарардидаи  ноҳия  ёрии  амалӣ  расонидааст.   

Май 18, 2010 16:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд