ЗАРИФИ БО ЗОИД НАҲЁН
Душанбе, 17 май. (АМИТ «Ховар», Фарангис Рахимова). — Имрӯз, 17 май дар Бӯстонсарои давлатӣ мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ бо Вазири корҳои хориҷии Амороти Муттаҳидаи Араб Шайх Абдуллоҳ ибни Зоид Оли Наҳён, ки ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф овардааст, баргузор гардид. Дар рафти мулоқот вазирон сатҳи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҷонибҳо роҳҳои густариши минбаъдаи муносибатҳои мутақобилан судмандро муҳокима намуданд. Аз ҷумла ташкили комиссияи муштарак оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмӣ-техникӣ байни ду кишвар ва гузаронидани аввали ҷаласаи онро дар ин росто бархурдор аз аҳамияти хосса маънидод намуданд. Ҳамчунин масъалаҳои ҳамкориҳо дар чорчӯбаи созмонҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ, ба хусус Созмони конфронси исломӣ мавриди таваҷҷӯҳи ҳамсӯҳбатон қарор гирифтанд. Вазирони корҳои хориҷӣ инчунин оид ба соири масъалаҳои минтақавию байналмилалӣ, ки мавриди таваҷҷӯҳи тарафҳо мебошанд, мудобилаи афкор намуданд.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






