ҒОЛИБИ ОЗМУНРО 10 ҲАЗОР СОМОНӢ ИНТИЗОР АСТ

Июнь 14, 2010 11:25

Душанбе, 14 июн. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Муаллифи озмуни беҳтарин идея барои таҳияи «Рамзи Душанбе -ҳамчун шаҳри Сулҳ»-ро 10 000  сомонӣ интизор аст. Озмуни мазкур бо мақсади дарёфти беҳтарин пешниҳоди идеяҳои эҷодкорону меъморон ва зиёиён барои таҳияи ин рамз аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе гузаронида мешавад. Назар ба иттилои сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Дилшод Қурбонов,  идеяи беҳтарин, ки барои бунёди иншооти ифодакунандаи «Рамзи Душанбе ҳамчун шаҳри  Сулҳ» таҳия карда мешавад, шарти асосии озмун аст. Лоиҳаи ангории рамзӣ бояд хусусиятҳои таъмини ризояти миллӣ, ҳамзистии иҷтимоии осоиштаи тамоми  қишрҳои ҷомеа ва гуногунрангии фарҳангии онро аз нигоҳи эҷодӣ  таҷассум намояд. Маҳсули тафаккури эҷодии довталабон дар шакли ангории компютерӣ ё худ тариқи мусаввараи рангаи дастӣ ва ё дар шакли шарҳи муфассали ғоявӣ бо нишондоди мӯҳтавои рамзҳои истифодашуда унвонии комиссияи озмун пешниҳод гарданд. Озмун аз 8 июн то 24 ноябри соли 2010 гузаронида мешавад. Бояд зикр кард, ки ЮНЕСКО бо инобати саҳми пойтахти Тоҷикистон –Душанбе дар барқарориву таъмини ризояти миллӣ, ҳамзистии иҷтимоии осоиштаи тамоми қишрҳои ҷомеа ва гуногунрангии фарҳангии он,  6 сентябри соли 2004 дар Конфронси байналмиллалии шаҳри Барселонаи Испания доир гардида, Душанберо бо нахустин  ҷоизаи «шаҳри Сулҳ» шарафёб намуд.

Июнь 14, 2010 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд