ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН ДАР ҶАМОАТИ ВОСЕЪ
Восеъ, 23 июн. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — Ҷамоати шаҳраки ноҳияи Восеъ қабули шаҳрвандонро тибқи дастуру супориши Сарвари давлат Эмомали Раҳмон ба аҳолӣ ба роҳ монда ҳафтае ду маротиба шаҳрвандонро мувофиқи арзу шикоятҳои ҷойдошта қабул менамояд. Раиси ҷамоати мазкур Робия Назарова вобаста ба ин мавзӯъ гуфт, ки ҷамъи умумии аҳолии шаҳраки Восеъ 20 ҳазору 177 нафарро дар бар гирифта дар панҷ моҳи соли ҷорӣ 270 нафар шаҳрванд ба ҷамоат муроҷиат намуданд, ки 262 нафари онҳо барои гирифтани қитъаи замини манзили равона гардидааст. Инчунин тибқи дастуру супориши Сарвари давлат оид ба танзим даровардани расму анъанаҳои мардуми масъулини ҷамоат талош доранд ҳарчи бештар хароҷоти гузаронидани туй ва маъракаи маросимро дар ноҳия камхарҷ ба роҳ монанд. Ба гуфтаи ӯ дар давоми панҷ моҳи соли ҷорӣ 2 қонуншикани оид ба риоя нагардидани қонуни мазкур аз тарафи ҷамоат ба қайд гирифта шуда нисбати ду нафар: Тағаймурод Сайидакобиров ва Худойберди Баротов барои риоя накардани қонун ба маблағи 3 500 сомонӣ ҷарима ситонида шудааст.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






