Қ. РАСУЛЗОДА: ТАҚСИМОТИ ЗАМИН БОЯД ОДИЛОНА ВА ШАФФОФ БОШАД

Июнь 2, 2010 16:36

Душанбе, 2 июн. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода 1 июн зимни ҷаласаи корӣ ба раисони шаҳру навоҳӣ, мутасаддиёни тақсимоти замини наздиҳавлигӣ ҷиҳати тақсими боадолатонаи замин ва шаффофияти фаъолияти комиссияи тақсимоти замини наздиҳавлигӣ супоришҳои қатъӣ дод. Аз хадамоти иттилооти дастгоҳи раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар ҷаласа асосан масъалаи вобаста ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тақсимоти замини наздиҳавлигӣ, ки санаи 28 май ба тасвиб расида буд, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар он комиссияи вилоятии доимоамалкунана оид ба тақсимоти замини наздиҳавлигӣ бо роҳбарии муовини раиси вилоят Аҳмадҷон Қобилов дар ҳайати 51 нафар таъсис дода шуд, ки ба комиссия намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, ҳизбҳои сиёсӣ, адибону нависандагон ва ВАО шомиланд. Комиссияи мазкур вазифадор гашт, ки аризаи ҳар шахси эҳтиёҷмандро дақиқ омӯхта, тақсимоти одилонаи қитъаи замини наздиҳавлигиро таъмин намояд ва рӯйхати нафароне, ки дар навбат истодаанд, дар рӯзномаҳои вилоятӣ нашр намуда, дар назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо овехта шаванд. Таъкид гардид, ки ҳангоми тақсимоти замин бештар ниёзмандони соҳаҳои маориф ва тибб, иштирокчиёни барқарорсозии сохти конститутсионӣ ба инобат гирифта шаванд. Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода масъулинро вазифадор намуд, ки дар мавзеъҳои тақсимоти замин ҷиҳати сари вақт сохтани бунгоҳҳои тиббӣ, муассисаҳои таълимӣ, хатти интиқоли қувваи барқ ва қубурҳои об чораҳои зарурӣ андешанд. Гуфтанист, ки алҳол дар қаламрави вилояти Суғд 103 ҳазор оилаи мӯҳтоҷи замини наздиҳавлигӣ ба қайд гирифта шуда, дар ҳолати тақсими одилонаи замин ин навбат беш аз 56 ҳазор оила соҳиби участкаҳои наздиҳавлигӣ хоҳанд шуд. Ёдовар мешавем, ки бо Қарори Ҳукумати мамлакат дар ноҳияҳои Шаҳристон 271,31 гектар барои 1288 оила, Ҷаббор Расулов 433,11 гектар барои 3647 оила, Спитамен 424,97 гектар барои 2790 оила, Мастчоҳ 300 гектар барои 2154 оила, Ғончӣ 1123,48 гектар барои 7175 оила, Бобоҷон Ғафуров 1505,55 гектар барои 6797  ва шаҳрҳои Истаравшан 1043,9 гектар барои 9545 оила, Исфара 657,29 гектар барои 6392 оила замин ҷудо карда шуд.  

Июнь 2, 2010 16:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст