Қ. РАСУЛЗОДА: ТАҚСИМОТИ ЗАМИН БОЯД ОДИЛОНА ВА ШАФФОФ БОШАД
Душанбе, 2 июн. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода 1 июн зимни ҷаласаи корӣ ба раисони шаҳру навоҳӣ, мутасаддиёни тақсимоти замини наздиҳавлигӣ ҷиҳати тақсими боадолатонаи замин ва шаффофияти фаъолияти комиссияи тақсимоти замини наздиҳавлигӣ супоришҳои қатъӣ дод. Аз хадамоти иттилооти дастгоҳи раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар ҷаласа асосан масъалаи вобаста ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тақсимоти замини наздиҳавлигӣ, ки санаи 28 май ба тасвиб расида буд, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар он комиссияи вилоятии доимоамалкунана оид ба тақсимоти замини наздиҳавлигӣ бо роҳбарии муовини раиси вилоят Аҳмадҷон Қобилов дар ҳайати 51 нафар таъсис дода шуд, ки ба комиссия намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, ҳизбҳои сиёсӣ, адибону нависандагон ва ВАО шомиланд. Комиссияи мазкур вазифадор гашт, ки аризаи ҳар шахси эҳтиёҷмандро дақиқ омӯхта, тақсимоти одилонаи қитъаи замини наздиҳавлигиро таъмин намояд ва рӯйхати нафароне, ки дар навбат истодаанд, дар рӯзномаҳои вилоятӣ нашр намуда, дар назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо овехта шаванд. Таъкид гардид, ки ҳангоми тақсимоти замин бештар ниёзмандони соҳаҳои маориф ва тибб, иштирокчиёни барқарорсозии сохти конститутсионӣ ба инобат гирифта шаванд. Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода масъулинро вазифадор намуд, ки дар мавзеъҳои тақсимоти замин ҷиҳати сари вақт сохтани бунгоҳҳои тиббӣ, муассисаҳои таълимӣ, хатти интиқоли қувваи барқ ва қубурҳои об чораҳои зарурӣ андешанд. Гуфтанист, ки алҳол дар қаламрави вилояти Суғд 103 ҳазор оилаи мӯҳтоҷи замини наздиҳавлигӣ ба қайд гирифта шуда, дар ҳолати тақсими одилонаи замин ин навбат беш аз 56 ҳазор оила соҳиби участкаҳои наздиҳавлигӣ хоҳанд шуд. Ёдовар мешавем, ки бо Қарори Ҳукумати мамлакат дар ноҳияҳои Шаҳристон 271,31 гектар барои 1288 оила, Ҷаббор Расулов 433,11 гектар барои 3647 оила, Спитамен 424,97 гектар барои 2790 оила, Мастчоҳ 300 гектар барои 2154 оила, Ғончӣ 1123,48 гектар барои 7175 оила, Бобоҷон Ғафуров 1505,55 гектар барои 6797 ва шаҳрҳои Истаравшан 1043,9 гектар барои 9545 оила, Исфара 657,29 гектар барои 6392 оила замин ҷудо карда шуд.








13 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Камтар гап мезанем, бештар менависем: чӣ гуна завқи муштариён тағйир меёбад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
«КИШВАРИ САБЗ». Соли 2026 дар Тоҷикистон беш аз 3,7 миллион ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва сояафкану ороишӣ шинонида шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар «Офтобак»-и шаҳри Норак 100 кӯдак ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад






