&#1178ИР&#1170ИЗИСТОН: ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР БЕТАРТИБИҲО ИШТИРОК НАДОРАНД

Июнь 15, 2010 08:30

Бишкек,  15 июн. (АМИТ «Ховар»,  Наталя  Михайлова). —  Сардори  раёсати  иттилооти  Вазорати  корҳои  хориҷии ҷумҳурӣ  Давлат  Назриев ба  мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  дод, ки   шаҳрвандони тоҷик  дар  бетартибиҳои  оммавии  Қирғизистон  иштирок  надоранд  ва  бар  асари  ин  бетартибиҳо ягон   шаҳрванди  Тоҷикистон  осеб  надидааст. Сафоратхонаи  Тоҷикистон  дар  Бишкек  мувофиқи тартиби  муқаррарӣ  кор  мекунад  ва   шаҳрвандони  дар  Қириғизистонбудаи  тоҷикро  даъват  менамояд, ки  вобаста ба  вазъияти  дар  ин  мамлакат  рухдода  ба  ҳар  гуна  иғвогарӣ  фирефта  нашаванд  ва дар  бетартибиҳои  оммавӣ  ширкат наварзанд. Сафоратхонаи  Тоҷикистон  дирӯз  ба  ҳамаи   шаҳрвандони  дар  Қирғизистонбудаи  Тоҷикистон  муроҷиат  карда,  онҳоро  даъват  намуд, ки  дар  мавриди  рух  додани  вазъияти  ғайричашмдошт  фавран  ба  кормандони он  хабар  диҳанд. Ёдовар  мешавем, ки   вазъият, шаби  11 июн  дар  шаҳри  дуюми  калонтарини  Қирғизистон  — Ӯш  якбора  ноором  ва  муташанниҷ  гардид. Дар  ин  ҷо  байни  қирғизҳо  ва  ӯзбекҳои  маҳаллӣ  задухӯрдҳои  мусаллаҳона  ба  амал  омаданд.  Ҳукумати  муваққатӣ   дар   вилояти  Ҷалолобод  ва  шаҳри  Ӯш  вазъияти  фавқулодда  эълон  кард. Аз рӯи  хабарҳои расида  то  чошти  дирӯз  бар  асари  бетартибиҳои оммавӣ  бештар  аз 110  нафар  ҳалок ва  қариб  яку  ним  ҳазор  нафар  маҷрӯҳ  гардид. Вазъияти  Қирғизистон  рӯзи  гузашта  дар  Созмони  аҳдномаи  амнияти  дастаҷамъӣ  ва  СММ  мавриди  муҳокима  қарор  дода шуд.

Июнь 15, 2010 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад