ҲАЙАТИ НОЗИРОНИ СҲШ БА ҚИРҒИЗИСТОН ФИРИСТОДА МЕШАВАД

Июнь 11, 2010 16:43

Душанбе,  11 июн. (АМИТ «Ховар»). —  Созмони  ҳамкории  Шанхай ҳайати  нозирони  худро  барои назорати  ҷараёни  ҳамапурсӣ  дар  масъалаи  қабули Қонуни  нави   асосӣ  ба  Қирғизистон  мефиристад. Ҳайати  созмон  инчунин  вазъияти  сиёсии  ин  мамлакатро  ҳамаҷониба  меомӯзад. Дар  ин  бора  Президенти  Русия  Дмитрий  Медведев  зимни  суханрониаш  дар  мулоқоти  сарони  давлатҳои  аъзои  СҲШ  дар  Тошканд  хабар  дод. Созмони  ҳамкории  Шанхай  бояд ба  рушди  давлатдорӣ  дар  Қирғизистон  аз  рӯи  нақшаҳои  қонунӣ  мусоидат  намояд. Бинобар  ин  ба  мақсад  мувофиқ  дониста  мешавад, ки  ҳайати  нозирони  созмон  ба  ин  мамлакат  фиристода  шавад,  гуфт  Д.Медведев.  Ҳамапурсӣ  бахшида ба   масъалаи  қабули  Қонуни  нави  асосии  Қирғизистон 27  июн  баргузор  мегардад. Д.Медведев  зикр  намуд, ки  мамлакатҳои  аъзои  СҲШ  нисбати  воқеаҳои  Қирғизистон  бепарво  буда  наметавонад. CҲШ ба  воқеаҳои  Қирғизистон  вокуниши  саривақтӣ  нишон  дод.  Мамлакатҳои  мо  ба  халқи  қирғиз  кӯмаки таъҷилии  башардӯстона расониданд. Қайд  карда шуд, ки  Қирғизистон  яке  аз  асосгузорони  Созмони  ҳамкории  Шанхай,  инчунин   иттифоқчӣ  ва  шарики   стратегии  Русия  ба  шумор  меравад.  Мо  манфиатдорем, ки   дар  Қирғизистон  муноқишаҳои  дохилӣ  ҳар чӣ  зудтар  қатъ  карда,   масъалаҳои ташкили ҳукумати  расмӣ  то  ҳадди  имкон  тезтар  ҳал  карда шаванд. Ҳамаи  ин  имкон  хоҳад  дод, ки  проблемаҳои  рушди  иҷтимоию  иқтисодии  ин  мамлакат  дар  муддати  кӯтоҳтарин  ҳал  карда шаванд,  гуфт  Д.Медведев.

Июнь 11, 2010 16:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад