ҲАМКОРИИ ҶОПОН ДАР БАХШИ ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ
Душанбе, 7 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз давраи ишғоли вазифа бори нахуст вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Маҳмадамин Маҳмадаминов бо намояндаи ваколатдори давлати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Йошихиро Накаяма мулоқот намуд ва онро барои ҳарду ҷониб муфид хонд. Дар ин вохӯрӣ сафири Ҷопон изҳор намуд, ки кишвараш тайёр аст то ҳамаҷониба дар бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ намуда, дар рушди иқтисодиёти ин кишвар саҳмгузор бошад. Дар охири сӯҳбат сафири Ҷопон ҷаноби Йошхиро Накаяма дастгирии кишварашро дар таъмири бинои Корхонаи воҳиди давлатии «Протезию ортопедӣ» ба вазир изҳор намуд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






