ҲИФЗИ КӮДАКОН МУРОДИ ОНҲОСТ
Бадахшон, 4 июн. (АМИТ «Ховар», Л.Додо).-Дар шаҳри Масква аз ҷониби ҳамдиёрони мо боз як созмони хайриявие ба номи «Даргил наник» таъсис дода шуд. Тавре садри он Меҳмоншоҳ Меҳмонов иттилоъ дод, мурод аз таъсиси ин созмон ҳимояи ҳуқуқи кӯдакон дар муҳоҷират мебошад. Оилаҳои ҷавон аз ӯҳдаи тарбияи тифлаконашон набаромада, онҳоро ба хонаҳои кӯдакони Русия месупоранд. Ба гуфти Меҳмоншоев танҳо соли ҷорӣ таи 100 нафар кӯдаки шаҳрвандони Тоҷикистон ба хонаҳои кӯдакони Русия супорида шудааст. Созмон василае ёфта садди роҳи ин амал гардид. Сарпарастони созмон мекӯшанд, ки ба модароне, ки бо кӯдаконашон дар муҳоҷирати меҳнатӣ ба душворӣ рӯ ба рӯ гардиданд, кӯмак расонанд, то тифлаконашонро ба хонаи кӯдакон насупоранд. Созмон дар таҳияи Собиршоҳ Буттабеков ва Меҳмоншоҳ Меҳмонов филмеро бо номи «Маро дарёб оча» ба навор гирифтаанд.Ҷои наворгирии филм навоҳоии Бадахшон ва шаҳри Москва аст. Филм аллакай дар Донишгоҳи давлатии ба ном академик Моёншоҳ Назаршоев намоиш дода шуд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






