ҲИФЗИ КӮДАКОН МУРОДИ ОНҲОСТ

Июнь 4, 2010 15:53

Бадахшон, 4 июн. (АМИТ «Ховар», Л.Додо).-Дар шаҳри Масква аз ҷониби ҳамдиёрони мо боз як созмони хайриявие ба номи «Даргил наник» таъсис  дода шуд. Тавре садри он Меҳмоншоҳ Меҳмонов иттилоъ дод, мурод аз таъсиси ин созмон ҳимояи ҳуқуқи кӯдакон дар муҳоҷират мебошад. Оилаҳои ҷавон аз ӯҳдаи  тарбияи тифлаконашон  набаромада, онҳоро ба хонаҳои кӯдакони Русия месупоранд. Ба  гуфти Меҳмоншоев танҳо соли ҷорӣ таи 100 нафар кӯдаки  шаҳрвандони Тоҷикистон ба хонаҳои кӯдакони Русия  супорида шудааст. Созмон василае ёфта садди роҳи ин амал  гардид. Сарпарастони созмон мекӯшанд, ки ба модароне, ки бо кӯдаконашон дар муҳоҷирати меҳнатӣ ба душворӣ рӯ ба рӯ гардиданд, кӯмак расонанд, то тифлаконашонро ба хонаи кӯдакон насупоранд. Созмон  дар таҳияи Собиршоҳ Буттабеков ва Меҳмоншоҳ Меҳмонов филмеро бо номи «Маро дарёб оча» ба навор гирифтаанд.Ҷои наворгирии филм навоҳоии Бадахшон ва шаҳри Москва аст. Филм аллакай дар Донишгоҳи давлатии ба ном академик Моёншоҳ Назаршоев намоиш дода  шуд.

Июнь 4, 2010 15:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад