ҲУКУМАТИ ҶТ ҶОНИБДОРИ ИСЛОҲОТИ АНДОЗ АСТ

Июнь 17, 2010 09:57

Душанбе, 17 июн. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- 16 июн дар Маҷмааи давлатии  «Кохи Ваҳдат» доир ба муҳокимаи лоиҳаи «Стратегияи ислоҳоти 2015», ки аз ҷониби Кумитаи андоз бо кӯмаки Ширкати «SOFRECO» дар чаҳорчубаи Лоиҳа оид ба мақомоти андоз, ки аз ҷониби Бонки Умумиҷаҳонӣ маблағгузорӣ мешавад, мизи мудаввар баргузор гардид. Дар муҳокима роҳбарияти Кумитаи андоз,  намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор, ташкилотҳои байналмилалӣ, аз қабили Бонки Умумиҷаҳонӣ, Хазинаи байналмилалии асъор, Ширкати байналмилалии молиявии Прагма/Юсаид, гуруҳи коршиносони Ширкати «Sofreco» ва намояндагони як қатор лоиҳаҳои байналмилалии дар Тоҷикистон татбиқшаванда иштирок намуданд. Дар мизи мудаввар қайд карда шуд, ки таҳияи барномаи Стратегии ислоҳоти маъмурикунонии андоз дар Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015 зинаи муҳиме ҷиҳати гузаронидани ислоҳот дар соҳаи  андоз буда, бо мақсади дар Тоҷикистон барпо намудани сохтори пуриқтидори андоз ва низоми муосири назорати компютерӣ дар фаъолияти он амалӣ мешавад.    Гуфтанист, ки ҳангоми таҳияи барнома таҷрибаи умумиҷаҳонии гузаронидани ислоҳоти соҳаи андоз ва хусусиятҳои хоси он ба инобат гирифта шуд. Ин шаҳодат медиҳад, ки  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори ислоҳоти воқеӣ дар соҳаи маъмурикунонии андоз аст.    Стратегия шаш мақсади умумиро роҳандозӣ менамояд, ки ба қонунгузории андоз ва масъалаҳои дигари  асосии идоракунии андоз ҷиҳати пешбурди вазифаҳои марбут ба мукамалгардонии самаранокӣ,  поквиҷдонӣ, касбият ва ягонагӣ, муносибати бевосита дорад.

Июнь 17, 2010 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Истаравшан ҳунари шонасозӣ ривоҷи тоза меёбад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст