ҲУКУМАТИ ҶТ ҶОНИБДОРИ ИСЛОҲОТИ АНДОЗ АСТ
Душанбе, 17 июн. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- 16 июн дар Маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат» доир ба муҳокимаи лоиҳаи «Стратегияи ислоҳоти 2015», ки аз ҷониби Кумитаи андоз бо кӯмаки Ширкати «SOFRECO» дар чаҳорчубаи Лоиҳа оид ба мақомоти андоз, ки аз ҷониби Бонки Умумиҷаҳонӣ маблағгузорӣ мешавад, мизи мудаввар баргузор гардид. Дар муҳокима роҳбарияти Кумитаи андоз, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор, ташкилотҳои байналмилалӣ, аз қабили Бонки Умумиҷаҳонӣ, Хазинаи байналмилалии асъор, Ширкати байналмилалии молиявии Прагма/Юсаид, гуруҳи коршиносони Ширкати «Sofreco» ва намояндагони як қатор лоиҳаҳои байналмилалии дар Тоҷикистон татбиқшаванда иштирок намуданд. Дар мизи мудаввар қайд карда шуд, ки таҳияи барномаи Стратегии ислоҳоти маъмурикунонии андоз дар Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015 зинаи муҳиме ҷиҳати гузаронидани ислоҳот дар соҳаи андоз буда, бо мақсади дар Тоҷикистон барпо намудани сохтори пуриқтидори андоз ва низоми муосири назорати компютерӣ дар фаъолияти он амалӣ мешавад. Гуфтанист, ки ҳангоми таҳияи барнома таҷрибаи умумиҷаҳонии гузаронидани ислоҳоти соҳаи андоз ва хусусиятҳои хоси он ба инобат гирифта шуд. Ин шаҳодат медиҳад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори ислоҳоти воқеӣ дар соҳаи маъмурикунонии андоз аст. Стратегия шаш мақсади умумиро роҳандозӣ менамояд, ки ба қонунгузории андоз ва масъалаҳои дигари асосии идоракунии андоз ҷиҳати пешбурди вазифаҳои марбут ба мукамалгардонии самаранокӣ, поквиҷдонӣ, касбият ва ягонагӣ, муносибати бевосита дорад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад






