ҶАСАДИ ҶИНОЯТКОРОН ДАР МАЙХУРА МУАЙЯН КАРДА ШУД
Душанбе, 4 июн. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Рӯзи 2 июни соли равон дар 62 километри шоҳроҳи Душанбе-Чанак дар мавзеи Майхура автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» барои азназаргузаронии ҳуҷҷатҳои идора намудани нақлиёт аз ҷониби кормандони милитсия нигоҳ дошта мешавад. Бино ба шубҳанок будани мусофирони дар нақлиёт буда, бордони автомашина аз ҷониби кормандони Вазорати корҳои дохилӣ аз назар гузаронида мешавад, ки дар яке аз борхалтаҳо тапончаи истеҳсоли хориҷӣ бо шумораи тирҳои зиёд ба назар мерасад. Дар ин лаҳза соҳиби борхалта ногаҳон аз ҷайби худ тапончаи худро бароварда ба сӯи корманди милитсия тир холӣ мекунад, ки аз он корманд ҷароҳат мегирад. Аз воҳимаи ҳангомаи мусофирони даруни нақлиёт ва роҳгузарони назди дидбонгоҳ истифода намуда ҷинояткор ва ҳаммаслаки ӯ аз ҷои ҳодиса ғайб мезанад. Бо мақсади дастгир намудани ҷинояткорон аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии ҶТ амалиёти махсуси фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ташкил дода, дар натиҷа шаби 3 ба 4 июн дар яке аз деҳаҳои ҷамоати Зидде ҷои пинҳоншавии онҳо муайян карда мешавад. Ҳангоми дастгир намудан ҷинояткорон муқобилияти мусаллаҳона нишон медиҳанд. Аммо дар рафти тирпарронӣ ҳарду ҷинояткорон ба ҳалокат мерасанд. Мутаасифона дар рафти амалиёти мазкур яке аз кормандони дастаи таиноти махсуси милитсияи ВКД ҶТ низ аз тири ҷинояткорон ҷароҳати вазнин бардошта дар натиҷа ба ҳалокат мерасад. Дар натиҷаи гузарондани чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шахсияти ҷинояткорон муайян карда шуд. Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, шахсони зерин: Умаров Абдураҳим Абдуғаффорович соли таваллудаш 1978, миллаташ тоҷик, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Исфара, аъзои фаъоли ҳаракати исломии Ӯзбекистон бо моддаи 179 (терроризм), 187 (ташкил намудани иттиҳоди ҷинояткорӣ) 195 (нигоҳдории ғайриқонунии яроқи оташфишон), 244 (дуздӣ), 255 (қасдан несту нобуд ё вайрон намудани амвол) КҶ ҶТ аз соли 1999 дар кофтукови ҷиноӣ қарор дорад. Ҷасади дигар Ваҳҳобов Абдураҳмон Абдулатипович, соли таваллудаш 1979, миллаташ тоҷик, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Исфара, аъзои ҳаракати исломии Ӯзбекистон, аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ барои аъзои фаъоли ҳаракати реаксионӣ-экстремистӣ буданаш аз соли 2004 дар кофтукови ҷиноятӣ қарор дошт. Ҷасади А. Ваҳҳобов ба шахси дар кофтуковбуда монандӣ дошт. Ҳарду ҷинояткор махсусан хавфнок буда, таҷрибаи ҳарбии террористиро дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон гузаштаанд. Бояд қайд намуд, ки аз ҷинояткорон 2 таппончаи тамғаи Макаров, 1 таппончаи истеҳсоли хориҷӣ бо садохомӯшкунак, зиёда аз 1000 адад тирҳои таппонча, таҷҳизоти барои истифодаи худсозӣ тарканда ва дигар воситаҳои тарканда, пули афғонӣ, адабиёт, фитҳаҳо ва микросхемаҳои оид ба тайёр намудани маводҳои тарканда ва содир намудани амалиёти террористӣ ва дигар лавозимоти ҷангӣ дарёфт ва мусодира карда шуд. Нисбати ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.