ҶУМҲУРИИ ҲИНДУСТОН ҲАМКОРӢ КАРДАН МЕХОҲАД
Душанбе, 21 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ба даст овардани мустақилият Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба оламиён муаррифӣ намуд. Имрӯз даҳҳо давлатҳо мехоҳанд дар соҳаҳои мухталиф бо Тоҷикистон ҳамкориҳо дошта бошанд. Боиси тазаккур аст, ки давлати Ҳиндустон барин чун як давлати аз ҷиҳати кишоварзӣ тараққикарда, дар сатҳи давлатӣ хоҳиши бо кишоварзони Тоҷикистон ҳамкориҳояшро амалӣ кардан дорад. Тибқи шартномаҳои байнидавлатӣ, вазири кишоварзии Панҷоби Ҳиндустон Сардор Сунча Сингх ҳини вохӯрӣ бо вазири кишоварзии Тоҷикистон Қосим Қосимов иброз дошт, ки бо вуҷуди 1,5 фоизи масоҳати Ҳиндустонро ташкил додани вилояти Панҷоб ҳамасола 65 фоизи умумии истеҳсоли ғалладона ва 45 фоизи шолиро дар ин давлати сераҳолитарини дунё (баъди Чин), дар вилояти Панҷоб истеҳсол мекунанд. Аз ин рӯ вазири кишоварзии Панҷоб Сардор Сунча Сингх хоҳиши дар заминҳои Тоҷикистон гузаронидани чунин таҷрибаро дар ҳамкорӣ бо хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) дорад. Бо ин мақсад аз Ҳукумати Тоҷикистон ҳоҳиши 20 ҳазор гектар заминро барои киштукор тақозо кардааст. Вазири кишоварзии Тоҷикистон баҳри ҳамкориҳои самаранок ташкил кардани намояндагии вилояти Панҷобро дар Тоҷикистон пешниҳод намудааст.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






