3377 ИСТИРОҲАТГОҲ ДАР ХИЗМАТИ ХОНАНДАГОН
Душанбе, 11 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Шумораи истироҳаткунандагони мактабҳои таълимоти умумӣ дар ӯрдугоҳҳо (лагерҳо) –и тобистонаи беруазшаҳрӣ ва наздимактабӣ сол то сол зиёд мегарданд,- иброз доштанд дар Вазорати маориф ба мухбири АМИТ «Ховар». Соли ҷорӣ дар истироҳатгоҳҳои тобистонаи мактаббачагони ҷумҳурӣ беш аз 394 ҳазору 525 нафар хонандагон дар 4 баст ба истироҳат фаро гирифта мешаванд. Арзиши 1 роҳхат дар лагерҳои беруназшаҳрӣ аз 340 то 380 сомонӣ мебошад. Дар ташкилоту идораҳое, ки иттифоқҳои касаба фаъолият доранд падару модарон ҳамагӣ 15 фоизи нархи роҳхатро пардохт менамоянд. Як роҳхат барои 15 рӯз дода мешавад. Бино ба иттилои ҳамин манба, соли ҷорӣ дар ин истироҳатгоҳҳо 200 нафар бачагони оилаҳои зарардидаи шаҳри Кӯлоб ва 120 нафар фарзандони сохтмончиёни НОБ –и «Роғун» бепул истироҳат мекунанд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






