АРЗИШИ РАВОДИДИ ИМА МЕАФЗОЯД
Душанбе, 2 июн. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Аз 4-уми июни соли 2010 пардохти раводиди ғайримуҳоҷиратӣ барои сайёҳон, сафарҳои кории кўтоҳмуддат, донишҷўён ва раводидҳо барои шахсони шомили барномаҳои мубодилавӣ аз 131 доллари ИМА ба 140 доллар меафзояд. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, арзиши дархост барои раводид, ки инчунин арзиш барои раводиди қобили хониши мошин (MRV) ном дорад аз ҷониби ҳамаи дархосткунандагони раводид дар саросари ҷаҳон бо баъзе истисноҳои маҳдуд ба монанди раводидҳои вобаста ба ашхоси расмии давлатӣ, пардохта мешавад. Сарфи назар аз он ки раводид пешниҳод мешавад ё не, арзиши зикршуда пешпардохт хоҳад шуд. Ба гуфтаи манбаъ, баланд кардани арзиши раводид ба ҳукумати ИМА имконият медиҳад, ки арзиши афзудаистодаи ба таҳиякунии раводидҳои ғайримуҳоҷиратӣ марбутро тибқи муқаррароти қонуни ИМА ҷуброн намояд ва ҳамчунин марзҳои худро боз ва ҳамзамон бехатар нигоҳ дорад.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






