АРЗИШИ РАВОДИДИ ИМА МЕАФЗОЯД

Июнь 2, 2010 14:24

Душанбе, 2  июн. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). —  Аз 4-уми июни соли 2010 пардохти раводиди ғайримуҳоҷиратӣ барои сайёҳон, сафарҳои кории кўтоҳмуддат, донишҷўён  ва раводидҳо барои шахсони шомили барномаҳои мубодилавӣ аз 131 доллари ИМА ба 140  доллар меафзояд. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, арзиши дархост барои раводид, ки инчунин арзиш барои раводиди қобили хониши мошин (MRV) ном дорад аз ҷониби ҳамаи дархосткунандагони раводид дар саросари ҷаҳон бо баъзе истисноҳои маҳдуд ба монанди раводидҳои вобаста ба ашхоси расмии давлатӣ, пардохта мешавад. Сарфи назар аз он ки раводид пешниҳод мешавад ё не, арзиши зикршуда пешпардохт хоҳад шуд.              Ба гуфтаи манбаъ, баланд кардани арзиши раводид ба ҳукумати ИМА имконият медиҳад, ки арзиши афзудаистодаи ба таҳиякунии раводидҳои ғайримуҳоҷиратӣ марбутро тибқи муқаррароти қонуни ИМА ҷуброн намояд ва ҳамчунин марзҳои худро боз ва ҳамзамон бехатар нигоҳ дорад.               

Июнь 2, 2010 14:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад