АЗ КӮМАКИ ХУД ХАБАР МЕДИҲАНД
Душанбе, 2 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Имрӯзҳо ба Ҳукумати шаҳри Кӯлоб даҳҳо барқияву дархост дар бораи сохтмони манзилҳои истиқоматӣ барои зарардидагони маҳаллаи Чармгарони Поёни шаҳри Кӯлоб ворид мешавад, ки аз «Бани одам аъзои якдигаранд». – гуфтаи Саъдии бузург дарак медиҳад,- гуфт телефонӣ раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамид Абдуллоев ба мухбири АМИТ «Ховар». Бино ба гуфти раис, давлати шоҳигарии Уммон дар вилояти Хатлон шаҳраке бономи «Уммон» бунёд карданианд. Рӯзҳои наздик комиссияи ин шоҳигари барои муайян кардани макони сохтмони шаҳрак вориди вилояти Хатлон мегардад. Офиси Швейтсарӣ оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон бошад, дар асоси Барномаи кам кардани хавфи табиӣ 30 ҳазор доллар аз ҳисоби фонди грантҳои хурд барои таъмини оби нӯшокӣ, ширкатхои МЛТ ва «Вавилон — т» барои зарардидагони деҳаҳои Туту ва Боғи Ҳабиби ноҳияи Мӯъминобод 6 хонаи истиқоматӣ сохта ба истифода доданианд. Ҳамарӯза рӯйхати ашхоси хоҳишманди кӯмакрасон зиёд мегардад,-иброз дошт раис.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






