БА ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНӢ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО ВОРИД КАРДА МЕШАВАД

Июнь 7, 2010 14:45

Душанбе, 7 июня.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 7 июн дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати муовини аввали Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Амиршо Миралиев ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии парлумони мамлакат баргузор шуд. Дар он лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  имзои электронии рақамӣ», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи тибби оилавӣ» «Дар бораи ӯҳдадории  умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи омори давлатӣ», «Дар бораи аудити дохилӣ дар бахши давлатӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ»  баррасӣ гардиданд. Ҳамзамон, аъзои Шӯро лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон»- ро баррасӣ карданд. Зимни шарҳи масъалаҳои зикршуда, раисони Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон иброз доштанд, ки лоиҳаи қонунҳои мазкур бо мақсади такмили қонунгузории кишвар, фароҳам овардани шароити мусоид ва дастрасии тамоми қишри ҷомеа ба гирифтани табобат дар шароити манзил, дуруст ба роҳ мондани нишондиҳандаҳои оморӣ дар кишвар таҳия шудааст.

Июнь 7, 2010 14:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад