БА ХОРИҶИЁН ЗАБОНИ ДАВЛАТИРО ОМӮЗОНЕД НА ЛАҲҶАРО

Июнь 21, 2010 15:17

Душанбе, 21 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Минбаъд ҳар фарде, ки забони  давлатиро бо хости худаш, яъне бо лаҳҷа ба хориҷиён меомӯзонад аз ӯ ҷарима ситонида мешавад. Ин матлабро Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти  назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон Додихудо Саймиддинов, 21 июн зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе баён кард. Мавсуф афзуд, ки забони давлатӣ, яке аз омилҳои асосии шинохти миллат буда, бояд меъёри ягонаи забони адабӣ дар ҷомеа  риоя карда шавад.  Додихудо Саймиддинов гуфт, ки дар мавриди риоя накардани  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 21 парванда  дар судҳои ноҳиявии пойтахт боз гардида,  аз ҳар кадоме ба маблағи 525 сомонӣ ҷарима ситонида шудааст. Алҳол 11 парвандаи дигар дар барасии суди  ноҳияҳои Сино ва Шоҳмансури пойтахт  қарор дорад. Дар натиҷаи фаъолияти  густурдаи Кумитаи забон ва истилоҳоти  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди пойтахт  дар навиштаю овезаҳо, лавҳаҳо ва рекламаи хиёбонҳои шаҳр  камбудию ғалатҳо бартараф карда шудааст. Додихудо Саймиддинов зикр кард, ки раванди тафтиши ҳамаҷонибаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тибқи нақшаи Кумита   дар саросари ҷумҳурӣ ба таври доимӣ амалӣ мегардад.

Июнь 21, 2010 15:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд