БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯ ДАР ДОНИШГОҲ

Июнь 21, 2010 08:21

Кӯлоб, 21 июн. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — Дар партави амали гардонидани барномаи давлатӣ «Дар бораи тарбияи экологии аҳолии ҶТ» дар давраи солҳои 2000- 2010  дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб  конференсияи илмӣ – назариявии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Тарбияи экологии ҷавонон ва рушди устувор» баргузор гардид, ки дар ҷаласаи ифтитоҳии он атрофи масъалаҳои масъулияти инсон дар назди муҳити зист, усулҳои ҷанбаҳои экологӣ дар ҶТ, проблемаҳои экологии минтақаи шаклӣ ва ғайришаклии Кӯлоб, ҳамчунин асосҳои педагогии маърифати экологии хонандагон маърӯзаҳо шунида шуданд. Конфронси ҷумҳуриявӣ кори худро дар ду бахш-«Тарбияи экологӣ» ва «масъалаҳои муҳити зист» идома дода, дар ин бахшҳо беш аз 16 маърӯзаи муттахассисони соҳаи экология мавриди истеъмо ва муҳокимарониҳои олимону донишҷуён қарор дода шуд. Ёдовар мешавем, дар доираи татбиқи бандҳои мухталифи барномаи давлатӣ «Дар бораи тарбияи экологии аҳолии ҶТ», ки Ҳукумати ҶТ соли 2000 тасдиқ карда буд то даври ниҳоии татбиқи он аз ҷониби Институти масъалаҳои об, гидроэнергетикаи  АИ ҶТ, Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зисти назди ҲҶТ ва олимону донишҷӯёни бахши экология ва химияю биологияи муассисаҳои таълимии кишвар машварату конфреренсияҳо ва чорабиниҳои гуногунмӯҳтаво роҳандозӣ гардиданд, ки дар баланд бардоштани маърифати экологии шаҳрвандон, истифодаи оқилонаи сарватҳои табии ҷумҳури, ҳамчунин  сатҳии иттилоотонидани шаҳрвандон оид ба тағйирёбии иқлими кишвар ва  нақши созгор гузоштаанд.

Июнь 21, 2010 08:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд