БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯ ДАР ДОНИШГОҲ
Кӯлоб, 21 июн. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — Дар партави амали гардонидани барномаи давлатӣ «Дар бораи тарбияи экологии аҳолии ҶТ» дар давраи солҳои 2000- 2010 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ – назариявии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Тарбияи экологии ҷавонон ва рушди устувор» баргузор гардид, ки дар ҷаласаи ифтитоҳии он атрофи масъалаҳои масъулияти инсон дар назди муҳити зист, усулҳои ҷанбаҳои экологӣ дар ҶТ, проблемаҳои экологии минтақаи шаклӣ ва ғайришаклии Кӯлоб, ҳамчунин асосҳои педагогии маърифати экологии хонандагон маърӯзаҳо шунида шуданд. Конфронси ҷумҳуриявӣ кори худро дар ду бахш-«Тарбияи экологӣ» ва «масъалаҳои муҳити зист» идома дода, дар ин бахшҳо беш аз 16 маърӯзаи муттахассисони соҳаи экология мавриди истеъмо ва муҳокимарониҳои олимону донишҷуён қарор дода шуд. Ёдовар мешавем, дар доираи татбиқи бандҳои мухталифи барномаи давлатӣ «Дар бораи тарбияи экологии аҳолии ҶТ», ки Ҳукумати ҶТ соли 2000 тасдиқ карда буд то даври ниҳоии татбиқи он аз ҷониби Институти масъалаҳои об, гидроэнергетикаи АИ ҶТ, Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зисти назди ҲҶТ ва олимону донишҷӯёни бахши экология ва химияю биологияи муассисаҳои таълимии кишвар машварату конфреренсияҳо ва чорабиниҳои гуногунмӯҳтаво роҳандозӣ гардиданд, ки дар баланд бардоштани маърифати экологии шаҳрвандон, истифодаи оқилонаи сарватҳои табии ҷумҳури, ҳамчунин сатҳии иттилоотонидани шаҳрвандон оид ба тағйирёбии иқлими кишвар ва нақши созгор гузоштаанд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






