БЕ ОБ РУШДИ УСТУВОР ҒАЙРИИМКОН АСТ
Душанбе 4 июн, (АМИТ «Ховар» Пайрав Назаров).- Об барои рушди устувор аз ҷумла барои нигоҳдории муҳити зист ва кам кардани сатҳи камбизоатӣ ва гуруснагӣ аҳамияти хосса дорад. Бе об солимии аҳолиро таъмин кардан номумкин аст. Моҳи декабри соли 2003 бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ассамблеяи СММ солҳои 2005-2015-ро даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» эълон намуд. Барномаи даҳсолаи СММ «Об барои ҳаёт» барои солҳои 2005-2015-ро қабул намуд, ки тибқи он дар тамоми гӯшаву канори сайёра тадбирҳои гуногун амалӣ карда мешаванд. Ҳадафи асосии даҳсолаи «Об барои ҳаёт» ин дастгирии кӯшишҳо ҷиҳати иҷро намудани ӯҳдадориҳои дар сатҳи байналмилалӣ қабулшуда оид ба масъалаҳои об ва обтаъминкунӣ то соли 2015 мебошад. Бояд зикр намуд, ки аз рӯи татбиқи панҷ соли аввали барномаи мазкури СММ аз 8 то 10 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе «Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба баррасии фарогири миёнамӯҳлати татбиқи даҳсолаи «Об барои ҳаёт» 2005-2015» баргузор мегардад. Дар он иштироки роҳбарияти СММ, ташкилортҳои байналмиллалӣ дар назар аст, ки дар он нақшаи амалиёт барои панҷ соли оянда қабул мегардад. Яке аз масъалаҳое, ки баррасӣ мегардад «Сифати об» мебошад. Зимни мизи мудаввар баъзе масъалаҳои муҳимтарин вобаста ба баҳогузории комёбиҳо ё ин ки камбудиҳо дар рафти давраи аввалини даҳсолаи байналмиллалӣ баррасӣ мешаванд. Дар навбати аввал баҳогузорӣ ва муайян намудан, баромадани сифати об ва санҷиши он дар доираи васеъ бо назардошти муҳимияти он барои муҳити атроф ва имконият ба захираи об, истифодабарии он аз ҷониби аҳолӣ ва саломатии одамон дида баромада мешавад. Дар навбати дуюм таҳия намудани сиёсати миллӣ ва нақшаҳои таъмини сифати об дар маҷмӯъ ва бахусус аз нуктаи назари сифати оби нушиданӣ ва санитарӣ мавриди муҳокима қарор мегирад. Ҷанбаи сеюм идоракунӣ, паҳн кардан ва табодули иттилоъ оид ба таҷрибаи тадбири нишондодҳо, стандартҳо ва маблағгузориҳои дахлдори буҷетӣ аз ҷониби давлатҳо баррасӣ мешавад. Инчунин комёбиҳо ва камбудиҳо дар идоракунии чорабиниҳо ва барномаҳои дар масъалаи сифати об дар сатҳи байналмиллалӣ, минтақавӣ ва маҳалӣ дар бар гирифта мешавад. Баъди ин тадбирҳо гирифтани натиҷаҳоро чун баланд бардоштани аҳамияти масъалаи «сифати об» бо дарназардошти ҷанбаҳои васеи он ва баррасӣ дар сатҳи байналмилалӣ, муайян кардани комёбиҳо дар ҳалли проблемаҳои мавҷуда ва дар таъмини сифати об дар маҷмӯъ сифати оби нушиданӣ ва санитарӣ дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ ба даст меояд.