БЕКОР КАРДАНИ АҚДИ НИКОҲ ЯК ҲОДИСАИ МАЪМУЛӢ

Июнь 1, 2010 08:45

Душанбе, 1 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз рӯи маълумоти оморӣ, бекор кардани ақди никоҳ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ рӯ ба афзоиш аст ва онро чун як ҳодисаи маъмулӣ қабул мекунанд. Дар 5 соли охир (2005 — 2009) бекор кардани ақди никоҳ аз 2900-и  дар соли 2005 ба қайд гирифташуда,  дар соли 2009 ба 5 ҳазору 900 нафар расидааст. Танҳо дар соли 2009 мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ зиёда аз 100 ҳазор ҳолати бастани ақди никоҳ ва қариб 6 ҳазор бекор кардани онро   ба қайд гирифтаанд. Аз ҷумлаи талоқшудагон 3770 нафар бо қарори судҳо ақди никоҳашон бекор карда шудааст. Аз ин рӯ, дар Қонуни оилаи ҷумҳурӣ бо  мақсади беҳтар омода шудани ҷавонон ба зиндагии мустақил, таъмини шароити оилаю оиладорӣ  ва тақвият додани риояи манфиатҳои ҷавонон ба қонунгузорӣ дар бораи аз 17 ба 18- солагӣ баланд кардани синну соли никоҳӣ тағйирот  ворид карда шуд.           

Июнь 1, 2010 08:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!