БЕТАРТИБИҲОИ НАВ ДАР ӮШ

Июнь 11, 2010 12:33

Душанбе,  11 июн. (АМИТ «Ховар»). —  Тибқи  хабарҳои  аз  Бишкек расида,  вазъияти  шаҳри  дуюми  калонтарини  Қирғизистон —  Ӯш тӯли  рӯзҳои охир  хеле  ноором  ва  муташанниҷ  гардид.  Бетартибиҳо дар  ин  ҷо  шаби  гузашта баъди  задухӯрдҳои   гурӯҳҳои  ҷавонони  қирғиз  ва  ӯзбек  оғоз  ёфтанд.  Бояд  гуфт, ки дар  шаҳри  Ӯш  теъдоди  зиёди  ӯзбекҳо  зиндагӣ  мекунанд. Задухӯрҳои  ҷавонон  тадриҷан   ба  бетартибиҳои оммавӣ  табдил  ёфтанд.  Теъдоди  зиёди  одамон  дар  маркази  шаҳр  дар  назди  меҳмонхонаи  Олой ҷамъ  омад. Ҷамъомадагон   мошинҳои  роҳгузарро  дошта,  онҳоро  оташ  зада,  мағозаю  дӯконҳо  ва ташкилоту  идораҳоро  ғорат   карданд.  Дар  натиҷаи бетартибиҳо 4  нафар  ҳалок ва 53  нафар   маҷрӯҳ  шуд.  Вазъи  саломатии  7  нафари  дигар  хеле  вазнин  мебошад. Мақомоти  ҳукуматӣ  дирӯз   дар  шаҳрҳои Ӯш ва Ӯзген,  инчунин  ноҳияҳои  Қаросу,  Аравон ва  ғайра   вазъияти  фавқулодда  ва  қуюди  шабгардӣ  ҷорӣ  намуданд. Барои  таҳти назорат  гирифтани  вазъият  қисмҳои  ҳарбӣ  ва  техникаи  низоми  ба  шаҳри Ӯш   фиристода шуданд.

Июнь 11, 2010 12:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд