БИНОИ ЗЕБОТАРИНИ ХОРУҒ
Хоруғ, 17 июн. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). — Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тайёрӣ ба ҷашни Ваҳдати миллӣ бо ҷӯшу хурӯш давом дорад. Аз ҷумла, дар сохтмони биноҳои ҷашнӣ корҳои охирин ба анҷом расонида мешаванд. Яке аз чунин биноҳо чойхонаи миллӣ мебошад, ки дар мавзеи Варсутдашти шаҳри Хоруғ бунёд карда мешавад. Сохтмони он дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ ба охир мерасад. Хишти нахустини бинои чойхонаро 25 июли соли 2009 Сарвазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов гузошта буд. Бинои чойхонаро коргарони Ҷамъияти бинокории рақами 1 – уми вилояти Суғд месозанд. Дохили чойхонаро устоҳои ҳунарманди деҳаи Қистакӯзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо нақшу нигори миллӣ оро доданд. Хусусан нақшу нигори 20 сутуни айвони чойхона ҳар бинандаро мафтун месозад. Сардори бригадаи сохтмончиён Ӯктам Ҷӯраев ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки сохтмони чойхона 20 июн пурра ба охир мерасад ва он дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ мизоҷони аввалинро қабул хоҳад кард.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






