БИНОИ ЗЕБОТАРИНИ ХОРУҒ

Июнь 17, 2010 17:10

Хоруғ,  17 июн. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). —  Дар  Вилояти Мухтори  Кӯҳистони  Бадахшон  тайёрӣ  ба  ҷашни  Ваҳдати  миллӣ  бо  ҷӯшу  хурӯш  давом дорад.  Аз  ҷумла,  дар   сохтмони   биноҳои  ҷашнӣ  корҳои  охирин  ба  анҷом расонида  мешаванд. Яке  аз  чунин  биноҳо чойхонаи   миллӣ  мебошад, ки   дар  мавзеи  Варсутдашти   шаҳри  Хоруғ  бунёд  карда  мешавад.  Сохтмони он  дар  арафаи  ҷашни  Ваҳдати  миллӣ  ба охир   мерасад. Хишти  нахустини  бинои  чойхонаро  25  июли  соли  2009 Сарвазири  ҷумҳурӣ  Оқил  Оқилов  гузошта  буд.  Бинои  чойхонаро  коргарони  Ҷамъияти  бинокории  рақами  1 – уми  вилояти  Суғд  месозанд.  Дохили  чойхонаро  устоҳои  ҳунарманди  деҳаи  Қистакӯзи  ноҳияи  Бобоҷон  Ғафуров  бо нақшу  нигори  миллӣ оро  доданд.  Хусусан  нақшу  нигори  20  сутуни  айвони  чойхона  ҳар  бинандаро  мафтун  месозад. Сардори  бригадаи  сохтмончиён  Ӯктам  Ҷӯраев  ба  мухбири  АМИТ «Ховар»  гуфт, ки  сохтмони  чойхона  20  июн пурра  ба  охир  мерасад  ва  он  дар  арафаи  ҷашни  Ваҳдати  миллӣ  мизоҷони  аввалинро  қабул  хоҳад  кард.  

Июнь 17, 2010 17:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст