БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН АНДОЗ МЕСУПОРАД
Душанбе, 2 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Тибқи тағйироти воридгардида ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2010» минбаъд Бонки Миллии Тоҷикистон ба буҷети мамлакат аз ҳисоби даромадҳо аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ андоз месупорад. Қонуни мазкур 2 июни соли 2010 дар ҷаласаи навбатии палатаи поёнии парлумони мамлакат баррасӣ ва қабул гардид. Зимни шарҳи масъалаи мазкур муовини Вазири молияи ҷумҳурӣ Ҷамшед Норинов гуфт, ки ба Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2010 бо мақсади кам намудани имтиёзҳои андозӣ ва ба андозбандӣ ҷалб намудани Бонки Миллии Тоҷикистон тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид карда шудааст, яъне Бонки Миллии Тоҷикистон ҳамчун супорандаи андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ муайян карда шудааст. Зикр шуд, ки дар соли молиявии 2010 қисми хароҷотҳои буҷети ҷумҳуриявӣ нисбати соли гузашта зиёд ба нақша гирифта шудааст. Ҷ. Норинов афзуд, ки ҳадафи ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон» Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2010» ин зиёд намудани даромади буҷети ҷумҳуриявӣ ва саривақт маблағгузорӣ намудани соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди кишвар, муассисаҳои иҷтимоӣ, ба буҷети ҷумҳурӣ гузаронидани андоз, андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ ва андози ҳадди ақал аз даромадҳои Бонки Миллии Тоҷикистон аст. Муовини вазири молияи кишвар таъкид кард, ки дар қисми нақшаи даромади Буҷети маҳаллӣ андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқии Бонки Миллии Тоҷикистон дар соли молиявии 2010 пешбинӣ карда нашудааст. Ва ворид намудани тағйиру иловаҳо, ба буҷети маҳаллӣ таъсири манфиии худро намерасонад. Зимни баррасии ин масъала Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров аз роҳбарияти Вазорати молия, вакилон, роҳбарияти Кумитаи андоз ва дигар идораҳои марбутаи кишвар эрод гирифта гуфт, ки то ба кай мо ҳар моҳ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2010» тағйиру иловаҳо ворид месозем. Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Буҷаи давлатии кишвар мардумро нигарон месозад. Ш. Зуҳуров афзуд, ки бояд дар вақти таҳия ва қабули Буҷети давлатии ҷумҳурӣ амиқ андеша намуда, баъдан онро қабул кард. Мавсуф афзуд, ки ҳар моҳ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Буҷети давлатии ҷумҳурӣ далели беаҳмиятӣ ва бемасъулиятист. Аз ин рӯ, Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2011 ҷиддӣ баррасӣ ва қабул карда мешавад, афзуд Ш. Зуҳуров. Дар робита мавсуф зикр кард, ки бояд тамоми вазорату идораҳои мамлакат чӣ дархосте, ки доранд пешниҳод созанд, то дар Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон проблема вуҷуд надошта бошад.